Ахбори рӯз

Таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимӣ

Рӯзи 22 феврал дар Маркази таълимӣ (қисми ҳарбии 45095) чорабинӣ бахшида ба  29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, раиси ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ низ ширкат варзиданд.

КҲФ: Хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст!

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навбатдории шабонарӯзиро дар роҳҳои асосии кӯҳии кишвар – Душанбе – Варзоб – Айнӣ ва Душанбе – Ванҷ идома медиҳанд.

Тавре қаблан КҲФ хабар дода буд, бино ба маълумоти обуҳавошиносон то охири моҳи феврали соли 2022 дар навоҳии кӯҳистонии кишвар...

Боздид аз Осорхонаи миллӣ

22 феврали соли 2022 дар остонаи солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зумрае аз кормандон ва хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Ҳадаф ошноӣ бо мероси таърихӣ-фарҳангии халқи тоҷик буд.

Онҳо толорҳои “Асри санг”, «Саразм»,  «Империяи Ҳахоманишиён”...

Мусобиқоти варзишӣ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ

Дар остонаи таҷлили 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо ва чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд.

Чунончӣ, дар қисми ҳарбии КҲФ воқеъ дар вилояти Хатлон роҳбарияти ин қисм якҷо бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят...

Оғози корҳои пешгирӣ аз сел дар Исфара

Дар маҳаллаи Айнии ҷамоати деҳоти Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҷиҳати омодагӣ ба обхезӣ ва пешгирӣ аз омадани сел корҳои соҳилбандӣ оғоз шуданд. Ин кор дар асоси иҷрои "Нақшаи асосии чорабиниҳои вилояти Суғд оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022" амалӣ карда мешавад.

Страницы