Ахбори рӯз

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: То 16-уми феврал хатари лағзиши тарма ва ях боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 16-уми феврали соли 2022 хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Дар натиҷаи резиши барф дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии ғарбии ВМКБ ва роҳҳои мошингарди кӯҳии Душанбе-Чаноқ, Душанбе–Лахш, Душанбе–Рашт, Рашт–Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз...

Лағзиши тарма дар роҳҳои ВМКБ. Хатар барои ҳаракати мошинҳо ҳамоно боқист

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ рӯзи гузашта, 13-уми феврал соати 16:30 дақиқа дар километри 31-32 роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим дар мавзеъи Баржири ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим ва километрҳои 51-52 ум мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим тарма фаромада,

Мулоқоти ҳайати шахсии КҲФ бо намояндаи Кумитаи дин

11 феврали соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавэӯъи “Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд.

Ҳушдори КҲФ аз яхбандӣ, лағзиши тарма ва резиши санг

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба  маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари гарм шудани дамои ҳаво зарфи рӯзҳои охир ва боз боридани барф то 11-уми феврали соли 2022 дар силсилакӯҳҳои Ҳисор, Туркистон ва Зарафшон ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Ширкати 173 хизматчии ҳарбии Кумита дар 21 семинар, конфронс ва тамрину давраҳои омӯзишӣ (ВИДЕО)

Бо мақсади омода намудан ва бозомӯзии кадрҳо, ҳамчунин баланд бардоштани тахассуси онҳо бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар масъалаҳои алоқаманд ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ соли 2021 173 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумита дар 21 семинар, конфронс, вохӯриҳо, давраҳои омӯзишӣ, тамринҳо дар хориҷи кишвар ширкат намуданд.

Страницы