Ахбори рӯз

Маросими савганёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ дар яке аз қисмҳои ҳарбии КҲФ

27 ноябри соли 2020 дар қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарон барои садоқат ба Ватан баргузор шуд.  Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

24 ноябри соли 2020, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда бо иштироки муовини сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ – Сардори раёсати ташкилию оперативӣ полковник Вализода Х., ва муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе полковник Шамсизода С.  гузаронида шуд.

Хабарҳои як шабонарӯзи гузашта: Сӯхтор дар кӯдакистони шаҳри Бохтар. Зарари як сангпора ба ҳавлии сокини ноҳияи Айнӣ. Боз кардани дари баста дар Душанбе

25-уми ноябри соли 2020 тақрибан соатҳои 07:20 дақиқа, дар бинои Кудакистони №2-и шаҳри Бохтар сӯхтор ба амал омад. Баъди гирифтани хабари фаврӣ дастаи махсуи зудамали наҷоти бахши Раёсат дар шаҳри Бохтар, дар ҳайати 16-нафар ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, якҷо бо хадамоти оташнишонии шаҳри Бохтар, барои хомӯш намудани алангаи оташ ва кӯчонидани молу амволи Кӯдакистони мазкур мусоидат намудан.

Ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияҳо дар ҷараёнанд

Дар қаламрави кишвар ҷамъбасти натиҷаҳои кори Комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии ҳолатҳои фавқулодда идома доранд, ки дар онҳо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Чунончӣ, дар ду ноҳияи пойтахт - Фирдавсӣ ва Исмоили

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 60 миллион гузашт. Ӯзбекистон гуфт, ки ба санҷиши тестии воксани чинӣ бар зидди коронавирус оғоз кардааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро  60 миллиону 108 ҳазору 193 нафар эълон кард. Аз ин вирус то кунун 1 миллиону  414 ҳазору 925 нафар ҷон бохтаанд. Шабонарӯзи гузашта дар олам боз 180 ҳазору 475 нафар мубталоёни нав сабт шуданд ва 5 ҳазору 106 нафар фавтидаанд. Имрӯз дар бемористонҳои кулли кишварҳои дунё 103 ҳазору...

Страницы