Дарс барои ошноии наваскарон ва шаҳодатномаи ҳарбӣ ба сарбозони рухсатшуда

Бо мақсади ошноии наваскарони даъвати баҳорӣ бо фаъолияти Кумита ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар яке аз қисмҳои низомии КҲФ, воқеъ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, омӯзгорони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дарси омӯзишӣ гузарониданд.

Дар ин дарс инчунин дар бораи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва худуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ» ва «Дар бораи сӯхтор” маълумот дода шуд. 

Дар фарҷоми дарс ба сарбозон таҷҳизоти махсуси наҷотро нишон доданд ва ҳамзамон дар бораи истифодаи онҳо низ маълумот доданд.

Ҳамчунин, нимаи дуюми рӯз дар ҳудуди қисми ҳарбӣ ба сарбозоне, ки соли 2020 ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, шаҳодатномаҳои ҳарбӣ супорида шуд. Сарварони қисмҳои ҳарбӣ аз номи роҳбарияти Кумита барои хизматҳои шоисташон дар давоми ду сол изҳори сипос намуданд. 

Ин чорабинӣ бо  сафороии ҳарбӣ ба анҷом расид.