Идомаи тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Турсунзода

Тибқи Нақша - чорабиниҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 дар давоми се рӯз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Т.Туйчиеви шаҳри Турсунзода, бо мақомот, қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар мавзўи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва сарварони ҷамоатҳои деҳот ҳангоми сел ва рафъи оқибатҳои он ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ” баргузор шуд.

Барои амалӣ намудани вазифаҳои ба миён гузошташуда гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар тамрин қувваҳо ва воситаҳои хадамоти мудофиаи гражданӣ, аҳолӣ ва техникаи махсус ҷалб карда шуданд.

Дар рафти чорабинӣ соҳили рости рӯдхонаи Қаратоғ, дар ҳудуди деҳаи Моҳинави ҷамоати мазкур бо ёрии экскаватор, техникаи вазнини муҳандисӣ ва ҷалби ҳудуди 200 нафар аз аҳолии маҳаллӣ аз сангу хошок ва рег тоза карда шуд. 

Ғайр аз ин каналҳо ва селроҳаҳо аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза карда шуданд. Бо ризояти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ системаи хабардоркунии бармаҳали аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ва ё таҳдиди он санҷида шуд.

Ҳадафи ин тамринҳо омодагиҳои бештар ба ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолии хоси баҳор буд.

барчасп: