КҲФ: Барфу борон меборад. АЗ ЛАҒЗИШИ ТАРМА ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба  маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то охири ҳафта ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ сард боқӣ мемонад ва дар водиҳо борон ва дар манотиқи кӯҳӣ барф меборад.

Дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди Душанбе - Чаноқ, Душанбе – Ваҳдат - Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе – Кӯлоб, Шоҳин - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб яхбандӣ ва дар баъзе қитъаҳо барфтӯда, ҳамчунин хатари лағзиши тарма ва резиши санг вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад аз сафар ба минтақаҳои хатарзо худдорӣ намоянд. Ҳамчунин рафтан ба саҳро барои молчаронӣ, ба доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор низ даст кашанд. КҲФ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои хатарнок хеле ва хеле эҳтиёткор бошед!

Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт аз шумо хоҳиш мешавад ҳамеша дудбарои печҳои худро санҷед, то аз заҳролуд шудан аз гази карбон пешгирӣ шавад.   

КҲФ ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки воситаҳои нақлиётро барои ҳаракат дар шароити бориши барфу яхбандӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кунанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд ва дар роҳҳо ҳангоми ҳаракат аз минтақаҳои лағзиши тарма фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳо аз хатари шикастани дарахтон, канда шудани хатҳои баландшиддати барқ ​​ҳушёр бошанд.

Қаблан Кумита хабар дода буд, ки бинобар гарм шудани рӯзҳои ахир ва боришот дар ноҳияҳои ВМКБ, дар кӯҳҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, инчунин дар Хоруғ-Ишкошим, Душанбе-Варзоб-Айнӣ, Роҳҳои автомобилгарди Хоруғ – Мурғоб лағжиши тарма ба қайд гирифта шуда буд.

барчасп: