Ахбори рӯз

КҲФ: таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Балхӣ

31 майи соли 2021, соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ аз сабаби риоя нашудани техникаи бехатарӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ёш Ленини ҷамоати деҳоти Халивади ноҳияи Балхии вилояти Хатлон таркиш ба амал омад.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи таркиш касе осеб надидааст. Сабабҳои таркишро мақомоти дахлдор тафтиш мекунанд.

Савганди садоқати наваскарони КҲФ дар вилояти Суғд

Дар қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд наваскарони даъвати баҳории соли 2021 ба номи Ватан савганди ҳарбӣ ёд карданд. Маросими қабули савганди ҳарбии наваскарон бо иштироки сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари эҳтимолии болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон  аз 1 то 4-уми июни соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи марказ бар асари гармоиш эҳтимоли боло рафтани сатҳи об дар

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ноҳияҳои осебдидаи Ҷомӣ ва Вахш дидан кард

30 –уми майи соли 2021 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант  Рустам Назарзода ва Раиси Ҳукумати вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз деҳаҳои офатрасида дар ноҳияҳои Вахш ва Абдурраҳмони Ҷомӣ дидан карданд ва бо фаълолони ин ду ноҳия низ мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни сафари кории худ онҳо бо рафти корҳои барқароркунии паёмадҳои...

Наваскарони Кумита дар Шаҳринав ва Рашт савганд ёд карданд (ВИДЕО)

Дар қисмҳои ҳарбии КҲФ, ки дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Рашт мустақаранд, маросими савгандёдкунии наваскарон доир гардид. Наваскарони даъвати баҳорӣ савганди садоқат ёд карданд. Дар ин маросимҳо ҷонишини Раиси Кумита, полковник И.Иброҳимзода, намояндагони мақомоти маҳаллии давлатӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, хешовандони сарбозон ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ширкат намуданд.

Страницы