Ахбори рӯз

Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ воқеъ дар маҳалли Испечаки шаҳри Душанбе. Шарҳи расмӣ (ВИДЕО)

Дирӯз, шанбе, 1-уми май як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар минтақаи Испечаки шаҳри Душанбе оташ гирифт. Ин ҳодиса тахминан соати 18:30 дақиқа рух дод. Нуқтаи таъмини сӯзишвории “ЭКО-ОЙЛ”, ки дар дар ноҳияи Сино, кӯчаи Зафар, буриши маҳаллаи Ҳамадонӣ (шафати кӯчаи Мехкалон 50) воқеъ аст ва ба соҳибкор Розиқов Эҳсонҷон, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи...

Ҷасади писарбачаи 12-сола, ки чор рӯз пеш дар Канали калони Ҳисор ғарқ шуда буд, пайдо гардид

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Канали калони Ҳисор ҷасади як писарчаи 12-соларо пайдо ва онро аз об бароварда ба волидонаш супурданд. Ин ҳодиса дирӯз, 30-уми апрел соати 12:08 дақиқа рух дод.

Писарчаи 12-сола рӯзи 26-уми апрел вақти аз мактаб...

Баргузории ҷаласаи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо (ВИДЕО)

30 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми раиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ - Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, нахустин ҷаласаи Платформаи Миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2021 баргузор гардид.

Дарсҳои омӯзишии мудофиаи гражданӣ дар Роғун

Дар остонаи Рӯзи мудофиаи гражданӣ кормандони шӯъбаи КҲФ дар шаҳри Роғун дар байни донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 машғулиятҳои намоишӣ оид ба мудофиаи шаҳрвандӣ дар мавзӯи «Амалҳои роҳбарият ва нерӯҳои ғайринизомӣ ҳангоми эвакуатсияи донишҷӯён ва омӯзгорон дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ (заминларза ва сӯхтор)" гузарониданд

Тамрини мудофиаи гражданӣ дар хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон

Дар Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзуи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании хадамот ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда (сўхтор)” гузаронида шуд.

Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ баланд бардоштани...

Страницы