Ахбори рӯз

Анҷоми як давраи омӯзишӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон

Давраи омўзишии “Зарфиятҳои устувори амалиёти саҳроӣ”, ки аз  15 феврал то 13 марти  соли ҷорӣ идома дошт, ба анҷом расид. Дар маросими хатми ин давраи омӯзишӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал  - лейтенант  Рустам Назарзода, Роҳбар-Сафири Барномаи САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валериу Кивер ва муовини роҳбари

Пирӯзии дастаи волейболбозони Кумита бар тими “Ҷаҳоннамо”. Ҳисоб: 2:0

Бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, таҳкими дӯстӣ, бародарӣ ва рафоқат дар байни кормандони вазорату идораҳо, инчунин бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ идома доранд.

Чунончӣ,  12 – уми марти соли 2021 дар толори варзишии

COVID-19: Барои муолиҷа ба Москав омадани президенти Сурия такзиб шуд. Моҳи феврал дар шаҳри Москав 2340 аз коронавирус ҷон бохтанд

Сафири Сурия дар Русия иддиоҳо дар мавриди интиқоли Башор Асад ва ҳамсараш Асмо ба Москав ҷиҳати муолиҷа аз коронавирусро рад кард. Ахиран баъзе аз расонаҳои хабарии арабӣ навишта буданд, ки президенти Сурия бо ҳамсараш барои муолиҷа аз КОВИД-19 ба Москав интиқол ёфтаанд. Риёз Ҳаддод-сафири Сурия дар Москав ба хабаргузории Спутиник гуфтааст, ки Башор Асад ва ҳамсараш дар Сурияанд ва

Идомаи корҳои соҳилбандӣ дар минтақаҳои осебпазири Суғд

Шуъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, таъмини бехатарии аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок, чораҳои саривақтӣ меандешанд ва як қатор корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозиро вусъат додаанд.

Муовинони тозатаъини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муаррифӣ шуданд

10-уми марти соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонишини аввал ва муовинони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои худ барканор шуданд. Ба вазифаи муовини аввал ва муовинони Раиси Кумита полковник Латифзода Ҳотамшо, полковникҳо Исозода Сулаймон ва Иброҳимзода Эмомалӣ таъин шуданд.

Страницы