Наҷоти кӯдаки 11-сола дар “Баҳри Тоҷик”. Волидон ҳамоно ба сарнавишти фарзандонашон бепарвоянд

16 – уми июни соли 2021, соати 12:10 дақиқа ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнӯъи “Баҳри тоҷик” дар қаламрави шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар натиҷаи беназоратии волидон сокини 11-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қариб буд дар об ғарқ мешуд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар наздикии ҳамон мавзеъ навбатдорӣ мекарданд, сари вақту басо оҷил худро ба ҷойи ҳодиса расонданд.

Ба шарофати амали фаврии имдодгарон ин кӯдаки 11-сола аз марг наҷот ёфт.

Мавриди ба ёдоварист, ки аз 1-уми июни соли равон дар қаламрави кишвар мавсими оббозӣ оғоз шудаву ҳамрӯза ҳазорон нафар дар саросари Тоҷикистон соатҳои истироҳати худро дар соҳили обҳо мегузаронанд. Риояи қоидаҳои бехатарӣ як шарти асосии истироҳати бофароғат аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад ҳаргиз  дар ҷойҳои барои оббозӣ мамнӯъ шиноварӣ накунанд.

Падарону модарон ҷиддан ба фарзандони хурдсолашон диққат диҳанд ва онҳоро ҳатто як лаҳза беназорат нагузоранд. 

Шабонарӯзи гузашта ҳамчунин ба кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе се маротиба зарур шуд бо даъвати шаҳрвандон даркушоӣ кунанд.

Ин се маротиба ҳам дарҳои сокинон аз бепарвоии соҳибонашон баста шудаву худи соҳибони хонаҳо аз фаромӯшӣ бекалид пушти дари баста мондаанд.

барчасп: