COVID-19: Даҳҳо кишвари олам дар доираи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби воксан шуданд
Чоп шуд: 06/03/2021 | redaktor
Даҳҳо кишвари олам тибқи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби воксан зидди коронавирус шуданд. Аз ҷумла, чанд кишвари африқоӣ: Нигерия, Судон, Гана, Руандо, Ангола, Лесото, кишварҳои осиёӣ: Ҳиндустон, Комбоҷа аз ин зумраанд. Кишварҳои фақире чун Молдова ва Колумбия низ ба ин воксан дастёбӣ пайдо карданд. Қарор аст тибқи ҳамин барнома ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар соҳиби воксан шаванд.