Ахбори рӯз

Заминларза дар Тоҷикистон

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 20-уми ноябри соли 2024 соати 20:46 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази ин заминҷунбӣ 122 километр шимолу ғарби шаҳри Душанбе, 25 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Қувваи заминларза дар маркази он 3 балл, дар қаламрави шаҳри Панҷакент 2-3 баллро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз селҳои эҳтимолии рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар давоми шабонарӯзи наздик хатари омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон боқӣ мемонад. Дар ин робита, Кумита бори дигар ба сокинону меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайру гаштҳо ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Калиди хонаи нав ба сокини Шаҳринав, ки сел манзилашро хароб карда буд

Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ ба шаҳрванд Ҳоҷиматов Алишер - истиқоматкунандаи деҳаи Навбаҳор, ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, ки рӯзи 25 майи соли 2024 бар асари омадани сел хонаи худро аз даст дода буд, калиди манзили нави истиқоматиро супупрд.

Мулоқоти генерал Назарзода бо намояндагони Сафарати ҶМЧ

Мулоқоти генерал Назарзода бо намояндагони Сафарати ҶМЧ 18 ноябри соли 2024 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҳайати намояндагони Сафорати Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии  Консули Сафорат ҷаноби Жу Йонгфа ба ҳузур пазирфт.

Мулоқоти Раиси КҲФ бо намояндагони ЮСАИД

18 ноябри соли 2024 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Р.Назарзода ҳайати Бюрои USAID оид ба кӯмаки башардӯстонаро таҳти роҳбарии мушовири минтақавии USAID оид ба масоили кумакҳои башарӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ҷаноби Лео Д. Редмонд IV  ва Директори тозатаъйини Намояндагии USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Риордан ба ҳузур пазируфт.

Страницы