Мулоқоти Раиси КҲФ бо Директори генералии Институти экология ва географияи АИХ

30 майи соли 2025, дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Директори генералии Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой, профессор Жанг Яоминг баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди байни Кумита ва Институти Синзянии экология ва географияи АИХ, инчунин Маркази тадқиқоти экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-ро натиҷабахш арзёбӣ намуданд. Раиси Кумита изҳор дошт, ки ҳамкориҳои муштарак дар самти мониторинги раванди деформатсионӣ дар кӯли Сарез ва хатари офатҳои табиӣ саҳми арзанда гузошта, бо истифода аз технологияҳои муосири муқаррарнамоии дурдаст, дар ҷойҳои хавфнок дастгоҳҳои махсус насб гардидаанд, ки маълумотро дар вақти воқеӣ тавассути низоми моҳвораии «BeiDou» ба маркази иттилоотии Кумита интиқол медиҳанд.

Ҳамзамон, доир ба татбиқи лоиҳаи истифодаи технологияи рақамӣ барои назорат ва огоҳкунии пешакӣ аз хатари тармафароӣ дар минтақаи Майхураи ноҳияи Варзоб ва роҳҳои байналмилалии Душанбе–Хуҷанд маълумот дода шуд.

Профессор Жанг Яоминг барои ҳамкориҳои пурсамар изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ иброз дошт. Аз ҷониби профессор Жанг Яоминг ба Раиси Кумита Атласи пиряхҳои Тоҷикистон, ки дар асоси аксҳои моҳвораӣ бо дақиқии баланд таҳия гардидааст, инчунин харитаи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Бо Қарори Кумита, профессор Жанг Яоминг бо медали фахрии «Барои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ» сарфароз гардонида шуд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

барчасп: