Ахбори рӯз

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Паёми солонаи Сарвари Давлат ба Маҷлиси Олиро дастаҷамъона шуниданд (ВИДЕО)

26 январи соли 2021 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи воҳидҳои минтақавии он тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Ширкати имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар хомӯш кардани сӯхтори бозори “Султони Кабир”

Ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳуку мати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари сӯхтор дар яке аз калонтарин бозорҳои пойтах – бозори “Султони Кабир” соати 07:27 дақиқаи рўзи 25 январи соли 2020 расид. Ва ба тариқи фаврӣ ба ҷойи ҳодиса воҳидҳои дахлдор ҷиҳати ширкат дар хомӯш кардани забонаи оташ равон карда шуданд.

Ширкати 140 нафар кормнадони Дастгоҳи марказии КҲФ дар сайругашти дастаҷамъӣ

Субҳи 23 январи соли 2021 бо мақсади татбиқи иҷрои дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушд ва таблиғи варзиш, тарзи ҳаёти солим кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бо­ғи ба номи Алишери Навоии пойтахт сайругашти дастаҷамъӣ бо хатсайри махсус – терренкуру, ки ба ибораи дигар онро «роҳи саломатӣ» меноманд, анҷом доданд. 

ЭҲТИЁТ: Аз беназоратӣ гайка дар ангушти тифли чорсола руст шуд. Кӯдаконро беназорат нагузоред!

Як занги телефонӣ ба Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар вилояти Суғд: дар ангушти тифли чорсола гайка рус шудаасту табибон ҳам илоҷи беосеб берун кардани онро намеёбанд. Ин занги телефонӣ субҳи имрӯз, соати 11:00 аз беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов расид.

Мулоқот бо сокинон ва суҳбат атрофи пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода

Дар ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони шаҳрак, раисони маҳаллаҳо ва аҳолии ҷамоати мазкур мулоқот дар мавзӯи пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ аз офатҳои табиӣ баргузор шуд. Вохӯриро раиси ҷамоати шаҳраки Консой Амир Муҳабатов ифтитоҳ бахшид. Сипас  сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи...

Страницы