Ахбори рӯз

Дари бастаи боз як сокини пойтахтро боз карданд. Шаҳрвандон қабл аз берун рафтан аввал бояд бубинанд, ки калид куҷост

Як сокини хиёбони Рӯдакии пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе занг зад ва хабар дод, ки дари манзили истиқоматиаш баста ва ду кӯдаки ноболиғаш дар дохили хона мондаанд.

Соати 13:20 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷоти...

Анҷоми боз як давраи омӯзишӣ барои кормандони тибии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Нимаи аввали имрӯз, 21 январ дар маҷтамаи саломатии “Сароб”-и ноҳияи Варзоб давраи чаҳоррӯзаи омӯзишии “Ёрӣ ба зарардидагон” ҷамъбаст гардид.  Ин давраи омӯзишӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу борону сардиҳои рӯзҳои оянда ҳушдор медиҳад!

Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 22-23 январи соли равон дар кишвар ҳаво тағйир меёбад. Дар водиҳо борон меборад ва он ба барфи тар табдил мешавад, аммо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ барфи шадид хоҳад борид. Дамои ҳаво шабона то 10 дараҷа ва рӯзона то 15 дараҷа сард (ғайр аз ВМКБ) мешавад. Ҳавошиносон ҳавои тираву туман ва сардро пешгӯӣ

Фавти пиразани танҳо дар манзили зисташ. Чанд рӯз аст, ки ҳамсоягон ӯро намедиданд

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бегоҳии рӯзи гузашта, 19 январ навбатдори ШВКД-и ноҳияи Сино-2 капитан Сафаров Ориф ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки чанд рӯз аст пиразани рус Кузнетсова Любаро ҳамсоягон намебинанд. Мавсуф дар кӯчаи Б. Ғафурови пойтахт танҳо зиндагӣ мекунад.

Суҳбат аз мавзеъҳои осебпазир дар Гулистони Суғд

Аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Гулистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 дар маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳраки Адрасмон вохӯри бо ҳайати роҳбарикунандаи хоҷагиҳое, ки дар минтақаҳои хавфнок зиндагӣ...

Страницы