Ахбори рӯз

Мулоқот бо роҳбарони Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ

Имрӯз, 9 декабри соли 2020, дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Барномаи Умумиҷаҳонии озуқаи СММ, Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо иҷрокунандаи вазифаи сардори  Барномаи озуқавории СММ хонум Марико Кавабатта мулоқот кард. Дар вохӯрӣ инчунин Ҳамоҳангсози масоили ёриҳои башардӯстонаи

Covid-19: Гирифторон дар олам беш аз 68,5 миллион. Аввалин қурбониён аз воксани амрикоиву олмонии Pfizer ва BioNTech 6 нафар

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори мубталоён ба коронавирус Covid-19 – ро дар олам 68 миллиону 568 ҳазору 678 нафар эълон кард. Дар як шабонарӯз теъдоди гирифторон дар олам боз 195 ҳазору 243 нафар афзудааст. Аз КОВИД-19 то кунун 1 миллиону 565 ҳазору 566 нафар ҷон бохтаанд. Шумори муолиҷашудагон 47 миллиону 462 ҳазору 801 нафар эълон шудааст.

Тамринҳои Shakeout дар Суғд. Омодагӣ ба ҳар зилзилаи эҳтимолӣ

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҳамкории Бахши Агентии Оғохон оид ба Макони зист машварат -тренинги дастурдиҳӣ ба хотири огоҳонӣ аз офатҳои фалокатовари заминларза ва пешгирии авҷи бемории сироятии Коронавирус (СOVID-19) баргузор гардид.

Дар Бохтар омодагии иншоотҳои гуногуни муҳофизатӣ ва паногоҳҳоро санҷиданд

Яке аз вазифаҳои муҳими мудофиаи гражданӣ таъмини аҳолӣ ҳам бо лавозимоти муҳофизати шахсӣ ва ҳам бо асбобҳои муҳофизатии дастаҷамъӣ мебошад. Ба ин воситаҳо иншоотҳои гуногуни муҳофизатӣ ва паноҳгоҳҳо дохил мешаванд. Муҳим аст, ки дар онҳо ба тартиби ҳолати кории таҷҳизот риоя шавад. Назорат аз болои ин аз ҷониби мақомоти назорати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда амалӣ карда мешавад.

Идомаи ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон

Дар асоси банди 4 қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2020 гузаронидани ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷаласаҳои шаҳри ву ноявии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.

Страницы