Ахбори рӯз

Ҷаласаи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо ҳузурӣ ва онлайн баргузор шуд (ВИДЕО)

4 декабри соли 2020 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи ҷамъбастии Платформаи Миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2020 баргузор гардид.

Кормандони Раёсати КҲФ дар Хатлон дар Рӯзи ҷаҳонии маъюбон ба аёдати онҳо рафтанд

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомали Раҳмон оиди ғамхориҳои маъюбон  кормандониРаёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  дар вилояти Хатлон  ба аёдати маъюбони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кўшониён...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз лағзиши эҳтимолии тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар дар қитъаҳои роҳи Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хавфи тарма бар асари боришҳои пайваста зиёд аст.

Дар бораи мақолае, ки аз тариқи Радиои “Озодӣ” пахш ва дар сомонаи он интишор ёфт. Шарҳи расмӣ

Рӯзи 29 ноябри соли равон аз тариқи радиои “Озодӣ” гузорише бо номи “"Баҳовуддин дар артиш аз гап задан монд". Волидонаш гуфтанд, дар гулӯяш оби ҷӯш рехтаанд, мақомот рад мекунанд” пахш ва баъдан дар сомонаи он интишор ёфт, ки то ҳадде як матлаби осемасарона ва бидуни хулосаи санҷиши тиббӣ буд.

Дар мақолаи ёдшуда омадааст: Волидони як сарбоз дар

Заминларза дар ВМКБ. Талафоти ҷонӣ нест. Аз вайронӣ гузориш нарасидааст

Соати 05:36 дақиқаи имрӯз, 2-уми декабри соли равон дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази зилзила 148 километраи ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 10 км дуртар аз ноҳияи Дарвоз буд.

Ин манбаъ гуфт, ки қувваи заминларза дар маркази...

Страницы