Фаврӣ! РОҲИ ДУШАНБЕ - ЧАНОҚ БОЗ ШУД

Ширкати IRS ахиран иттилоъ дод, ки роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ки бар асари бориши барфи тар ва лағзиши тарма баста буд, ҳоло боз шудааст ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст. Ин ширкат хабари мазкурро чанд лаҳза пештар дар саҳифаи худ дар Фейсбук расонаӣ кард. Дар хабар аз ҷумла омадааст: Ба шарофати масъулиятшиносӣ ва меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали "IRS" роҳи автомобилгарди Душанбе  - Чанок аз барф тоза ва тармаҳои дар ин масир фаромада  бартараф гардид .

Ҳоло ҳаракати нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе оғоз шуда, дар наздиктарин фурсат гузариш аз ду ҷониб имконпазир мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки ҳоло ҳам хавфи тармафароӣ зиёд буда, дар ҳолати зарурӣ маҳдудият ҷорӣ мешавад.

барчасп: