Ахбори рӯз

Тармаи аввалини ин зимистон дар роҳи Хоруғ – Мурғоб сарозер шуд

Рӯзи 21 декабри соли равон тақрибан соати  04:00 дақиқа, дар километри 619 шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб, мавзеи Ригувеф  деҳаи Манем ва   километри 622 мавзеи Шошак деҳаи Барсеми ҷамоати деҳоти Сучон ноҳияи Шуғнон тарма ҳаракати мошинҳоро муваққатан қатъ кард. Ин аввалин хабари лағзиши тарма дар остонаи зимистони соли ҷорӣ буд. Ба ҷои ҳодиса аз тарафи МДНРА-и ноҳияи Шуғнон 1-адад

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ҳисор (ВИДЕО)

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ҳисор бо ширкати ҳамаи аъзои комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр баргузор шуд. Дар кори ҷаласа Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон полковник Файзуллозода Умматулло иштирок намуд.

Ҷаласаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар мавзӯи: «Тадбирҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар сатҳи вилоятҳо ва минтақаҳоабақҳои омӯхта дар заминаи сирояти коронавируси COVID-19»  як ҷаласаи дурӯзаи таълимию методӣ баргузор гардид.

Ҷасади писари як марди варзобӣ, ки мегуфт дар канали Душанбе ғарқ шудааст, пайдо нашуд

Як сокини ноҳияи Варзоб мегӯяд писари 36-солаи вай дар канали деревиатсионии Варзоб ғарқ шудааст, вале ҷустуҷҳои хонаводагӣ натиҷа ба бор наоварданд. Ин сокини ноҳияи Варзоб барои ёрӣ ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кардааст.

Баъди дарёфти номаи имдод дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи...

Сӯхтор дар бозори шаҳри Турсунзода масоҳати 115 м2-ро бо панҷ дӯкон ба коми худ кашид. (ВИДЕО)

Ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта, 15 декабри соли равон рух дод. Забонаи оташ дар як муддати кутоҳ панҷ дӯкони фурӯши молҳои рӯзгорро ба коми худ кашид. Ба ҷойи ҳодиса афсарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  дар шаҳри Турсунзода расиданд. Онҳо ҳамроҳ бо сокинону фурӯшандаҳои бозор ва истифодаи 7 мошини сӯхторхомӯшкунии хадамоти оташнишонии шаҳр оташро хомӯш карданд.

Страницы