Ахбори рӯз

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Раёсати шуъбаҳои КҲФ

Имрӯз дар ҳамаи раёсату шуъбаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Раёсатҳои КҲФ дар Суғд, ВМКБ, Хатлон ва шаҳри Душанбе ҷаласаҳои тантанвӣ бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Гуфта шуд, ки 26 сол пеш 6-ноябри (соли 1994) барои тамоми мардуми тоҷик яке саннаҳои тақдирсози миллат буд, зеро...

Ҳам тамрин ва ҳам ободонӣ. Як рӯзи машқу поккорӣ дар шаҳри Турсунзода

Дар як чорабинии шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз доир кард, 250 нафар коргарону хизматчиён, 73 сокинони маҳаллӣ, 10 нафар раисони кучаву маҳаллаҳо бо ҷалби 5 техникаи махсус ширкат карданд.

Чорабинӣ дар доираи баргузории машқи махсуси Низоми

Анҷоми як давраи омӯзишии дурӯза дар КҲФ

Давраи омӯзишии дурӯза барои роҳбарон ва кормандони масъули Марказҳои таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе, Хатлон, вилоятҳои Суғд ва ВМКБ амал мекунанд, ба анҷом расид.

 30 корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба равишу...

Вокуниши фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба як номаи корбари Фейсбук. Талошҳо барои наҷоти мошини Афзалшо Шодиев аз ҷарии умқаш 15 метр

“Ин  рӯзи шанбе, 31 октябри соли 2020 буд.Ронанда гуфт, ки дуюмин рӯз аст интизори ёрист, вале касе ба кумакаш намерасад. Вай дар қарз ғутавар шуду ба 21 ҳазор доллар ин мошини самосвалро харид. Аз Айнӣ ба Душанбе ангишт мекашид. Вале бадбахтӣ рух дод. Рул аз итоат берун шуд ва мошин ба дарёи Яғноб сарозеш шуд. Ширкате, ки ангишти онро мекашад, аз кумак саркашӣ кард. Ба назар мерасад вай аз онҳо ангишт...

ХАБАРИ ҶОЛИБ: Баъди 91 соати заминларзаи харобкор дар Измири Туркия як духтари чорсоларо зинда берун оварданд

Аз зери вайронаву шикастапораҳову тӯдаи хоку оҳану бетон дар Измири Туркия духтарчаи чорсоларо пайдо карданд, ки зинда буд. Шаҳрдори Измир Тунч Сойер дар Твиттери худ навиштааст, ки “навгоние дорем, нишотбахш. Имдодгарон билохира то ба тифли зинда расиданд”.

Расонаҳои хабарӣ дар гузоришҳои худ аз ин духтар Айда

Страницы