Ахбори рӯз

Дар ноҳияи Сангвор ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд

Субҳи рӯзи 10 ноябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия дар соли 2020 баргузор шуд, ки дар фарҷом барои соли 2021 вазифаҳо мушаххас шуданд. Ҷаласа бо ширкати Раиси Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия Давлатзода Муҳаммадшоҳ Ғайрат ва намояндаи Кумита – муовини...

Чопи китобчаҳо ва дастурҳо дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар доираи татбиқи "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030" ва расонидани кӯмаки методӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, инчунин шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои меъёрии идораи наҷот, мутахассисони КҲФ як силсила дастурҳои методиро таҳия ва интишор доданд.

Наҷоти як гурбаи хурдакаке, ки болои айвони хона дармонда буд

9 ноябри соли 2020 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар болои пешайвони хонааш гурбаи ӯ дармондаву наметавонад поин ояд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: СЕ РӮЗИ ОЯНДА БА САРДИҲО ОМОДА БОШЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар, аз 10 то 13 ноябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ коҳиши дамои ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо боришҳои шадид дар водиҳо ва баландкӯҳҳо, ки билохира метавонад ба барфи тар табдил шавад, пешбинӣ шудааст. 

Анҷоми як давраи омӯзишии дурӯза

Дар асоси Нақшаи дохили идоравии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020, инчунин дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ давраи омӯзишии дурӯза баргузор шуд.

Страницы