Ахбори рӯз

Анҷоми давраи омӯзишӣ барои 18 наҷотдиҳандаи ҷавон дар КҲФ. Ширкаткунандагон соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд (ВИДЕО)

Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ барои 18 нафар наҷотдиҳандагони ҷавон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар баргузор шуд, ки дар он Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер ширкат варзиданд.

Ҷаласаи сайёри шӯрои бонувони КҲФ дар Раёсати Хатлон

Дар Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  ҷаласаи сайёри Шӯрои занон баргузор гардид, ки дар он кормандони ҳам Раёсат ва ҳам тамоми  шӯъбаҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни мулоқот фаъолиятҳое, ки дар нӯҳ моҳи соли...

Ҳавои сарду бодҳои тез. Борони водиҳову барфи баландкӯҳҳо. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттило медиҳад, ки то 12 октябри соли 2020 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, шамол дар як сония аз 10 то 15 метр мевазад. Дар баъзе қисматҳои ҷумҳурӣ, бахусус дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 2000 метр) барфи тар меборад.

Созмони ҷаҳонии Салиби Сурх ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда воситаҳои техникӣ тақдим намуд

Бо мақсади боло бурдани иқтидори техникии кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи татбиқи дуҷонибаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда миёни КҲФ ва намояндагии Созмони ҷаҳонии Салиби Сурх дар Тоҷикистон 6-уми октябри соли равон маросими...

Вазъи КОВИД-19 дар олам: Сироятёфтагон беш аз 36 миллион нафар. Сандуқи байналмилалии пул гуфт, ки иқтисоди ҷаҳон зиёд зарар намебинад

Шумори мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 дар олам аз 36 миллион гузашт ва аз  марги беш аз як миллиону 504 ҳазору 600 нафар хабар дода мешавад. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабти 40 сироятшудаи нав хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки то кунун дар  Тоҷикистон ба коронавирус бештар аз 10 ҳазор нафар сироят шуда,  88,2 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Дар Берлин тадбирҳои беҳдоштӣ шадидтар мешаванд.

Страницы