Ахбори рӯз

Сovid-19. Баррасии масъалаҳои омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи навбатии ситоди ҷумҳуриявӣ

Бино ба гузориши хабаргузории “Ховар”  ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19, ки рӯзи 5 август таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид,  тадбирҳои омодабошӣ ҷиҳати ташхис ва муолиҷаи беморон, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои

Мулоқоти Раиси КҲФ бо сарвари тозатаъини намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон

4 августи соли 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Рустам Назарзода сарвари тозатаъини Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон хонум Бахтигул Карриеваро ба ҳузур пазируфт.

26 СОЛИ КҲФ: Татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар солҳои 2019 - 2030

Барномаи қолабии Сендай оиди коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030, ки дар Конференсияи сеюми умумумиҷаҳонӣ оиди коҳиши хатари фалокатҳои табиӣ дар ш. Сендай (Ҷопон) 18 марти соли 2015 қабул шуда буд, тавсия менамояд, ки то соли 2020 шумораи кишварҳое, ки стратегияи миллии худро оиди коҳиши хатари фалокатҳои табиӣ қабул намудаанд, зиёд карда шавад.

Марг баъди наҷот. Як навраси 17-сола баъди наҷот аз об дар мошини ёрии таъҷилӣ ҷон бохт

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 4 - уми августи соли равон, соати 12:00 як навраси 17-сола, сокини кӯчаи Шафақи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар об ғарқ шудааст. Ин ҳодиса дар дарёи Душанбе, наздикии Маркази гармидиҳии №2, воқеъ дар маҳаллаи Хоҷамбиёи поён рух додааст.

Дар садамаи мошини “Опел” 4 нафар ҳалок шуданд ва ду нафар захмӣ. Аксари онҳо узви як хонадон будаанд

Як мошини тамғаи “Опел” ахиран дар ҷарии умқаш то 100 метр фурӯ рафта ва 3 мусофири мошин ва ронандаи он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ду тани дигар бо ҷараҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфта ва духтурон мегӯянд ҳоли онҳо низ чандон хуб нест. Аз ному насаби ҳалокшудагон ва захмбардоштагон бармеояд, ки аксари онҳо узви як хонадонанд. Ин ҳодиса субҳи бармаҳали рӯзи 3-уми августи соли 2020

Страницы