Дар Бохтар омодагии иншоотҳои гуногуни муҳофизатӣ ва паногоҳҳоро санҷиданд

Яке аз вазифаҳои муҳими мудофиаи гражданӣ таъмини аҳолӣ ҳам бо лавозимоти муҳофизати шахсӣ ва ҳам бо асбобҳои муҳофизатии дастаҷамъӣ мебошад. Ба ин воситаҳо иншоотҳои гуногуни муҳофизатӣ ва паноҳгоҳҳо дохил мешаванд. Муҳим аст, ки дар онҳо ба тартиби ҳолати кории таҷҳизот риоя шавад. Назорат аз болои ин аз ҷониби мақомоти назорати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи кории иншооти муҳофизатии воқеъ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои наздики вилояти Хатлон, намояндагони хадамоти муҳандисии КҲФ ҳолати сохторҳои муҳофизатиро мавриди санҷиш қарор доданд.

Мутахассисон мустаҳ будани дарҳо, ҳолати бодкашҳои барқии дастӣ, зарфҳои оби нӯшокӣ, обполоҳо, инчунин коршоямии системаҳои муҳофизат аз сӯхторро тафтиш карданд. Дар асоси натиҷаҳои чорабинӣ ба хулосае омаданд, ки иншооти муҳофизатӣ барои қабули аҳолӣ омодаанд.