Пирӯзии се шатранҷбоз дар мусобиқа ба муносибати Рӯзи таъсиси Кумита

Дар доираи барномаҳои варзишии тарҳрезишуда ба Рӯзи таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар Дастгоҳи марказӣ мусобиқоти гуногуни варзишӣ мегузаранд. Имрӯз 15 нафар кормандони воҳидҳои низомии гарнизони Душанбе саргарми мусобиқаи шатранҷ шуданд.

Мусобиқа нишон дод, ки кормандон ба ин бозӣ бо омодагии ҷиддӣ омаданд ва эҳсоси масъулият мекунанд.

Инҳо се нафаре буданд, ки дар ин сабқат се ҷойи аввалро ишғол намуданд:

Ҷойи I – капитан Абдулвосиев Д.- ҷонишини сардори Ситоди қисми ҳарбии КҲФ;

Ҷойи II – подполковник Гадоев М.- сардори шуъбаи Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ;

Ҷойи III  – подполковник Аминов Р.- сардори Раёсати Саридораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд.

Шатранҷбозони ғолибро муборакбод мекунем ва ба онҳо комёбиҳо хоҳонем! 

барчасп: