Шамоли сахти шаби гузашта дар кӯчаи Бухорои пойтахт дарахти азимеро шикаст ва болои ду мошин афтод

Шамоли сахти дирӯз дар баъзе манотиқи кишвар ба ҳадде шадид буд, ки гумон мерафт харобиҳое дар пай дошт. Хушбахтона то ин соат аз хисорати боди шадид гузорише нарасид, танҳо ин ки тибқи иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар шаҳри Душанбе як дарахти азим шикаста болои ду мошин афтодааст.

Ин ҳодиса як поси шаб рух дод ва соати 02:30 сокинони кӯчаи Бухорои пойтахт иттило додаанд, ки дарахти азими сояафкан аз шамоли сахт шикаст ва болои ду мошини тамғаи Лексус ва Опел уфтод. 

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада соати 02:33 дақиқа дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе иборат аз 5 нафар ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд ва соати 04:10 дақиқа ҳолати ба амаломадаро бартараф намуданд.