Ахбори рӯз

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар шаҳри Душанбе

10-11 октябри соли 2018 кормандонаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавҳулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе чорабинӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо гузарониданд. Ҳадаф аз роҳандозии ин гуна чорабиниҳо боло бурдани сатҳи огоҳиҳои аҳолӣ оид ба омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Чунончӣ, 10 октябри соли равон онҳо бо 20 нафар аз

Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳоро таҷлил мекунад

Ҳар сол офатҳои табиӣ дар сар то сари олам миллионҳо доллар зарар мерасонанд, даҳҳову садҳо тан куштаву захмӣ мешаванд, роҳҳо хароб мегарданд, пулҳо вайрон мешаванд, одамон бехонаву дар мемонанд. Офати табиӣ ногаҳонӣ сар мезанад ва амалан пешгӯӣ кардани он номумкин аст. Аз ин рӯ роҳи ягонаи муқовимат омодагии ҳамешагист. Ва як рӯзе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо номи коҳиши хатари офатҳо ҷудо кардааст, низ ба

Идомаи корҳои таблиғотӣ миёни мардум

Дар асоси Нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши аҳолии он ноҳияҳои кишвар, ки дар ҷойҳои эҳтимолан хатарнок будубош доранд ва бо мақсади татбиқи қарори ҷаласаи Коллегия, ҳамчунин ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо, ки 13-октябр таҷлил мешавад, кормандони Кумита  миёни аҳолӣ фаъолона корҳои

Озмуни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои беҳтарин нигоштаҳо дар мавзуъи коҳиши хатари офатҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо, ки ҳар сол 13-уми октябр таҷлил мешавад, миёни воситаҳои ахбори омма барои беҳтарин нигошта дар ин мавзуъ (очерк, мақола, навори видеоӣ, барномаи телевизионӣ ва ё радиоӣ) озмун эълон мекнуад. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН:

Имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар самти идораи офатҳои табиӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳинд

8 октябри соли 2018 баъди анҷоми гуфтушунидҳои расмӣ миёни Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо дар самти идораи офатҳои табиӣ имзо шуд. Ёддошти тафоҳум ҳамкориҳои васеъ миёни ду кишвар дар самти пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, ҳамчунин расонидани кумакҳо барои бартарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад.  Санади байнидавлатии имзошуда ҳамчунин имкон медиҳад тартиби вокунишҳои муштараки ду кишвар ба ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла гузаштан аз расмиёти гумрукӣ содаву осон шавад.

Страницы