КҲФ: ОГОҲӢ: Тағйирёбии вазъи ҳаво ва ифлосшавии ҳаво аз 31 октябр то 4 ноябри соли 2025

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  аз санаи 31 октябр то 4 ноябри соли 2025 дар қаламрави ҷумҳурӣ тағйирёбии вазъи ҳаво дар назар аст.

Тағйироти ҳаво:

• Вилояти Хатлон: ҳавои тағйирёбандаи бебориш, танҳо 4 ноябр дар баъзе ноҳияҳо борон меборад; эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 7–12 м/с, аз 3 то 4 ноябр дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10–15 м/с мевазад.

КҲФ:Дар садамаи нақлиётӣ наҷотдиҳандагон ду нафарро аз об зинда бароварданд

28 – уми октябри  соли 2025, тахминан соати 15:30 дақиқа дар километри 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди ноҳияи Варзоб садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.

Автомашинаи сабукрави тамғаи “Пикап фотон” рақами қайди давлатиаш 1656UU01 tj, ки ба шаҳрванд Нуруллои Маҳмасаид, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, деҳаи Ҳофиз қишлоқ тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ дучори садама шуд.

Бино ба гузоришҳо сабаби ин сонеҳа аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст. Дар натиҷа ин мошин ба ҷарии умқаш то 250-300 метр

Наҷотдиҳандагон дари хонаеро боз карданд, ки дар дохили он як ноболиғ танҳо буд

27-октябри  соли 2025,  соати  23:51  дақиқа як сокини кӯчаи Сӯҳроб Шарифови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки дари хонаи истиқоматиаш аз дохил баста шудааст ва наметавонад ворид шавад. Вай ҳамчунин гуфт, дар дохили хона хоҳари ноболиғаш танҳост.

КҲФ: Мулоқоти Раиси Кумита бо роҳбари кулли Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон

Рӯзи 27 октябри соли 2025, зимни сафар ба шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо роҳбари кулли Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстона Шоҳ Салмон доир гардид.

      Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла таҳкими  равобити ҳасана ва таҷдиди лоиҳаҳои сармоягузории башардӯстона байни Кумитаи

Ҳалокати як писарбачаи ҳафтсола бар асари беназоратии волидон дар Ёвон

24 – уми октябри соли 2025, тахминан соати 11:50 дақиқа як писарбачаи 7-сола аз деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон аз беназорати волидонаш дар канали Магистралӣ афтода ғарқ шуд.

Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот рӯзи 26-уми октябр ҷасади ин ноболиғ аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд. 

Страницы