Activities calendar

22 октября 2019

Ғолибони радиовикторина соҳиби ҷоизаҳо шуданд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ғолибони радиовикторинаи “Фарогирӣ ва коҳиши хатари офатҳо”-ро, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши офатҳо баргузор шуда буд, мукофотҳои худро соҳиб шуданд. Шаш нафар аз ҷумлаи ғолибони ин викторинаи радиоӣ бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ёдовар мешавем, ки ин викторина аз тариқи радиои “Ватан” сурат гирифт ва аз миёни ширкаткунандагони зиёд шаш нафар ғолиб дониста шуданд.

Худдорӣ аз падидаҳои номатлуб

Дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба ҳастии оламу одам таъсири манфии худро расонида истодааст. Албатта, аз таърих хуб огоҳ ҳастем ва медонем, ки экстремизм ва терроризм падидаи нав нестанд. Аз аҳди қадим то давраи нав, ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба воситаи тарсонидан, таҳдид намудану даҳшатафканӣ мақсадҳои нопоки худро болои дигарон бор менамуданд, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медоданд. Ин раванд то рафт реша давонида, падида ва хусусиятҳои навро касб намуд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»

Донишмандони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!

Мардуми шарифи тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузошта, дар хотираи таърихии хеш корномаву қаҳрамонии фарзандони давлатсозу ватандӯст, далеру ғаюр ва фарҳангсолору адабпарварро ҳифз намуда, дар осори хаттиву шифоҳӣ симои барҷаставу тобноки онҳоро ситоиш менамояд.

Ин мероси ниҳоят ғанӣ, ки рӯҳи ниёгон дар он нуҳуфтааст, бо мазмуни баланди башардӯстонаву инсонпарваронааш ба ганҷинаи моддиву маънавии ҷаҳонӣ ворид шуда, диққати оламиёнро ба худ ҷалб кардааст.