Activities calendar

26 октября 2019

ДОНИСТАНИҲО: Зилзилаи Сарез аз ривоят то воқеият

Ривоятест миёни мардуми Помир, ки деҳаи Сарез қабл аз зери об монданаш зеботарин ва калонтарин рустои дарёбоди Мурғоби водии Бартанги Бадахшон будааст. Мардуми деҳоти ин мавзеъ аз шарофату баракати табиати дарраву пуштаҳои он ба чизе ниёз надоштанд. Ҷангалҳои пур аз хазандаву паррандагон, пуштаҳою чарогоҳҳои макони нахчиру қутосу мешакҳои кўҳӣ, сойҳои пур аз моҳиён, манбаъи ғизои эшон буданд.