Activities calendar

24 декабря 2019

ОҶИЛ: Садамаи мудҳиши автобус дар дар Индонезия 25 кушта ва 14 захмӣ ба ҷо гузошт

Пулиси Индонезия аз ҳалокати биступанҷ нафар бар асари садамаи як автобус хабар дод. Ин  манбаъ гуфтааст, ки автобуси мусофирбарӣ ба дарае, ки умқаш 50 метр буд, чаппагардон шуд ва дар он ҳаддиақал 25 нафар кушта шуданд. 14 нафари дигар бо ҷароҳатҳои сангин бистарӣ шудаанд.

Садама дар вилояти Суматраи Ҷанубӣ рух додааст. Пулис

Фаъолияти вазорату идораҳо дар самти ҳолатҳои фавқулода ҷамъбаст шуд

23 декабри соли 2019 дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи  фаъолияти вазорату идораҳои кишвар дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа кормандони масъули вазорату идораҳои кишвар

Ба кӯдакон аз амният. Филми тасвирии “Соли нави бехатар”

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш миёни кудакон ва наврасон ҳангоми рафтори нодуруст дар вақти ҷашнгирии соли нав Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филми тасвирии “Соли нави бехатар”, ки аз ҷониби ҳамкасбони мо аз Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус омода гаштааст, манзур медорад.

Иғвоҳои наҳзатӣ дар ҳавои салтанатхоҳӣ

Пойгоҳҳо ва сомонаҳои иттилоотии наҳзатӣ,  тибқи одат ва талаботи маъмулии мафкуравӣ - сиёсӣ тайи чанд соли охир ба парокандани матолиби иғвобарангезу ҳангомасоз машғуланд ва асли матолиби масъулини сомонаҳои мазкур интиқоди муғризонаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст. Дар аксари кулли матолиби наҳзатӣ ангушти интиқод тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсиятҳои калидии давлат ишора шуда,

Ду нафар бо боздоштан трамвайе, ки ронандааш аз ҳуш рафта буд, ҷони даҳо танро наҷот доданд

Ронандаи як трамвай дар шаҳри Бонни Олмон ҳангоми ҳаракати босуръати трамвай аз ҳуш бирафт ва мусофирон бо вуҷуди мушкилот муваффақ шуданд, ки онро боздоранд.  Ин ҳодиса рӯзи якшанбеи гузашта рӯй додааст. Трамвай бидуни ист аз истгоҳҳои шаҳр мегузашт ва ин мусофиронро нигарон мекард. Ин ҳам дар ҳоле, ки суръати он хеле боло буд.
Ду мард аз ҷумлаи мусофирон панҷараро шикастанд ва

Наҷоти зани солманд, ки паси дари баста монда буд

Ин хабар ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе субҳи рӯзи гузашта расид. Гуфта мешуд, ки аз қазо дари хона баста шудаву соҳибонаш наметавонанд вориди он шаванд ва дар дохили хона зани 79 - сола тани танҳост. Кормандони наҷот фаврӣ ба ҷойи ҳодиса, воқеъ дар Рӯдакии пойтахт рафтанд ва бо истифода аз таҷҳизоти вижа дарро боз карданд ва пиразанро аз