Activities calendar

17 декабря 2019

Шумори кушташудагон дар вулқони Зелландияи Нав ба 16 нафар расидааст

Пулиси Зелландияи нав ахиран иттило дод, ки як нафар аз гардишгарон, ки барои дармон пас аз фаввораи оташфишон дар бемористон бистарӣ шуда буд,  бар асари ҷароҳатҳои зиёд фавтид. Ҳамин тариқ шумори қурбониёни ин фаввораи оташи вулқон ба 16 нафар расид. Пулис номи ин нав фавткардаро эълон накардааст ва ҳамчунин гуфта нашудааст, ки аз кадом кишвар аст.