Activities calendar

26 декабря 2019

Дар вилояти Хатлон фаъолияти яксолаи Раёсати КҲФ дар ин вилоят ҷамъбаст шуд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти раёсати Ҷонишини аввали Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Шоҳиён ва ширкати ҷонишини Раиси Ҳукумати вилоят У.Зоҳирзода фаъолияти яксолаи Раёсат ҷамъбаст гардид.
Ҷаласаро ҷонишини Раиси КҲФ генрал-лейтенант Рустам

Паёми Пешвои миллатро дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шуниданд (Видео)

Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи Раёсатҳои минтақавии он Паёми Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба Мачлиси Олии кишвар бо иштироки кулли ҳайати шахсӣ шунида шуд.

Пешвои миллат: Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999, яъне 20 сол пеш қабул шуда буд, вобаста ба талаботи замон ба такмил ниёз дорад. Ба вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қонуни зикршударо дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Пешвои миллат: Дар чил соли охир аз таъсири гармшавии иқлим беш аз ҳазор пирях об шудааст

Кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 - умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ба ҳар як нафари аҳолӣ дар миқёси минтақа камтарин буда, саҳми муносиби мо дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра мебошад.

Сӯхтори азим дар шаҳри бандарии Чилӣ даҳҳо хонаро ба коми худ кашид (ВИДЕО)

Бино ба охирин гузоришҳо бар асари оташсӯзии густардаи ҷангалҳои шаҳри бандарии Валпараисо, ки севвумин шаҳри бузургиЧилӣ мебошад, ҳудудан 120 хона зери хатар қарор гирифтааст. Ин оташсӯзӣ боис шудааст, ки аксари мардум шаҳрро тарк кунанд. Гуфта меавад, ки сӯхтор ба маҳалли сукунати фақирони шаҳр кашида шудааст ва тамоми нерӯҳои оташнишонии шаҳр ба ин минтақа эъзом шудаанд.