Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносиии Тоҷикистон  то 10 – уми июли соли 2021 ҳавои гарму бебориш ва хушк боқӣ мемонад.

Дамои ҳаво дар водиҳо то 39 + 44 дараҷа, дар ҷануби кишвар то 45 + 48 ва дар минтақаҳои кӯҳӣ то 32 дараҷа мерасад. Бар асари гармои шадид хатари омадани селҳои пиряхӣ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ вуҷуд дорад. Дар ин рӯзҳо дар натиҷа афзоиши ҳарорати гармо сатҳи оби дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баланд мешавад. 

Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳама чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд, селроҳаҳо ва каналу ҷӯйборҳоро сар вақт аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд.

Дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон барои рафтан ба кӯҳу пушта ба хотири ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои гуногуни доруворӣ, чорвочаронӣ ва шикор дар баландкӯҳҳо худдорӣ намоед. 

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ё дар қитъаҳои зери хатари сел қарордошта, бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Ғайр аз ин КҲФ хоҳиш мекунад барои таъмини бехатарӣ ин тавсияҳоро риоя намоянд:

1. Аз соати 11 то 17, ки замони фаъолнокии нурҳои офтоб аст, бидуни зарурат ба кӯча набароед. Ва агар зарурати баромадан шуд, ҳатман  сарулибоси рушану сафед ба бар карда бошед. Либоси шумо ҳатман бояд пахтагӣ бошад, на маснӯъӣ. Вақте дар кӯча меравед, талош кунед, ки дар соя роҳ гардед. Ҳар сари чанд вақт ба дӯкону мағозаҳо дароед ва ё вориди ҷойҳое шавед, ки асбобҳои сардкунандаи ҳаво доранд.

2. Бештар об нӯшед ва нагузоред, ки бадани шумо аз беобӣ азият бинад. Тавсия мешавад, ки дар чунин ҳолатҳо ва рӯзҳо набояд аз 1,5 – 3 литр камтар об нӯшед.

3. Аз истифода аз шӯшокиҳои мастиовар худдорӣ кунед, тавсия намешавад, ки дар гармои шадид шароб нӯшед. Ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки ҳатто аз нӯшидани ҳар гуна обҳои ширини газнок худдорӣ намоед, ин обҳо на ин ки ташнагии шуморо намешикананд, балки равандҳои табодул дар организмро суст мекунанд.

4. Бештар ғизои сабук тановул кунед: меваву сабзаҷот, моҳӣ, мурғи обҷӯш, шӯрбои сард ва окрошка хӯред. Аз рӯйхати ғизои ҳамарӯзӣ билкул ҳар гуна ғизоҳои рӯғаниву бирён ва ширинро бурун кунед.

5. Дар хонае, ки ҳавополо дорад, набояд ҳарорат аз +22 + 23 дараҷа сард бошад.

6. Бештар дар васли гарм ба бачаҳо таваҷҷуҳ намоед. Организми кӯдакон ба гармӣ нисбатан ҳассосанд ва волидон бояд инро бидонанд.

7. Дар ин фасли гарм бештар ҳангоми истироҳату фароғат бояд эҳтиёт кард. Бахусус агар шумо дар соҳили обҳо истироҳат мекунед, бояд ҳатман қоидаҳои бехатариро бидонед.

Дар ҳоли рух додани ягон ҳодисаи фавқулода метавонед бо телефонҳои “112” ва 93 880 28 19 муроҷиат намоед.

барчасп: