Activities calendar

19 августа 2022

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Суғд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофии граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи вилоят ва ҳайати шахсии Раёсати вилоят ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он»  омӯзиш гузарониданд.

КҲФ: Хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо рафъ нашудааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то 21-уми августи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо таҳдид мекунад.

Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои узви СААД

18-уми августи соли 2022 дар шаҳри Москави Федератсияи Русия сенздаҳумин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва конгресси сеюми Байналмилалии оташнишонӣ ва наҷот ба кори худ оғоз намуд.

Дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...