Activities calendar

24 августа 2022

Ҷасади зани ҷавоне, ки дар Сорбоғ худкушӣ карда буд, пайдо шуд

Аз ноҳияи Рашт гузориш расид, ки волидони Маҳинбону Ҳафизоваи 23-сола, ки рӯзи 6-уми августи соли равон худро дар оби дарёи Сорбоғ ғарқ карда буд, ҷасади духтарашонро 5 км поинтари деҳаи Поҷеи Боло пайдо кардаанд.

Гуфтанист, ки Маҳинабону рӯзи 6-уми августи соли равон баъди як муноқиша бо шавҳар ва хушдоманаш даст ба

Алиҷони Сарбандӣ. ДАРСИ БЕХАТАРӢ

( Ба рӯзи наҷотбахшон )

Аз офати ниҳонӣ
Пур аст зиндагонӣ.
Гаҳ тарма ояд аз кӯҳ,
Гаҳ сел ногаҳонӣ.
***

Бо сад паёмади бад,
Гоҳе замин биҷунбад,
Гаҳ тундбоди саркаш
Дару тиреза кӯбад.
***
Вақте хатар биёяд
Бо сад зарар биёяд.
Даруни хона будан
Ҳаргиз туро нашояд.