Activities calendar

16 августа 2022

28-умин солгарди таъсиси КҲФ. Такмили системаи мониторингӣ ва огоҳкунии қаблии кӯли Сарез

кӯли Сарез

Саду ёздаҳ сол қабл аз ин субҳи 6 феврали соли 1911 дар кӯҳистони Бадахшон замин сахт ларзид, ончунон ҷунбид, ки амвоҷи ларзиши онро таҷҳизоти маркази зилзиласанҷии Пуликови шаҳри Петербург дар масофаи 3860 километр эҳсос ва зикр кард. Пас аз ду ҳафта 18-уми ҳамон моҳ соати 23,17 дақиқаю 55 сония такони аз аввала шадидтар рух дод. Дар тангнои деҳаи Усойи дараи Бартанг, кӯҳи бузурге аз ғаллаёну ҳарорату

Сӯхтор дар як мошини бензинкаш як нафарро ҳалок ва ду нафарро шадидан ҷароҳатдор кард

Як корманди нуқтаи сӯзишворӣ дар ҷамоати деҳоти Чорбеди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бар асари сӯхтори шадид дар як бензинкаш ба ҳалокат расидааст. Бино ба гузориши сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ин ҳодиса дирӯз, 15-уми август тахминан соати 22:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух додааст.