Activities calendar

10 октября 2022

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Раёсати ВМКБ

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи байналмиллалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ” дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ, Шабакаи ёрии таъҷилии тиббиӣ шаҳри Хоруғ, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ  ва Агентии Оғохон оид ба макони зист дар ВМКБ дар кӯдакистони №5-и шаҳри Хоруғ озмуни “Калидчаи мадарасон”-ро доир намуд.

Озмуни беҳтарин наққошиҳои кӯдакону наврасон дар мавзӯи коҳиши хатари офатҳо

6 октябри соли 2022 дар доираи Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ҳукумати шаҳри Душанбе, Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо, бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Кӯдакони СММ дар ҶТ ва як қатор дигар созмонҳои байналмилалӣ озмуни беҳтарин наққошиҳои кӯдакон дар мавзуъи хатари офоти табиӣ баргузор кард.