Activities calendar

13 октября 2022

Наҷоти кӯдаки дусола дар як бинои дувоздаҳошёнаи шаҳри Душанбе. Волидон набояд тифлонро танҳо гузоранд!!!

Соати 00:38 дақиқаи рӯзи 13-уми октябр ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар яке аз хонаҳои бинои 12-ошёна воқеъ дар кӯчаи Бохтари шаҳри Душанбе дари хона баста шудааст ва кӯдаки дусола дар дохил танҳост. Волидон беруни дар мондаву наметавонанд ворид шаванд.

Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд ва онҳо дарҳол фаҳмиданд, ки қулфи дари оҳанӣ вайрон шудааст ва онро танҳо аз дохил метавон беосеб боз кард.