Activities calendar

25 октября 2022

Корҳои сохтмон ва рафъи паёмадҳои бархӯрди низомии ахир дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров дар арафаи анҷомёбист

Корҳои сохтмон ва барқарорсозии  харобаҳои бархӯрди низомӣ, бунёди хонаҳои нав барои сокинони ноҳияҳои назди марзии Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки манзили истиқоматиашон комилан харобу валангор шуда буд, ба шиддат идома дорад.  Бино ба гузоришҳои расида ин корҳо ҳоло дар арафаи анҷомёбианд.  

 

Офтобгирӣ. Кай ва чаро?

Ризо Баҳромзод, донишманди ҷавони тоҷик дар бораи ҳодисаи астрономии гирифтани Офтоб хабар дод. Вай дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт: Имрӯз яке аз ҳодисаҳои ҷолиби астрономӣ – гирифти Офтоб ба амал меояд, ки аз Тоҷикистон ҳам мушоҳида карда мешавад. Оғози гирифт соати 15:27:58,2, максимуми он дар 16:39:11.6, ва дар соати 17:43:46.7 (ба вақти Душанбе) анҷом меёбад, аммо ғуруби Офтоб пеш аз поёни гирифт ба амал мояд.