Сели харобкор дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 5 симчӯби интиқоли барқро ба замин зад
Чоп шуд: 27/10/2022 | admin![симчӯби интиқоли барқр](https://www.khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/stolba.jpg?itok=HyiME3tm)
Тибқи маълумоти бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин тахминан соати 23:10 дақиқаи рӯзи 25-уми октябри соли равон, дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи мазкур дар натиҷаи бориши шадиди борон сел омад ва 5 адад симчуби қувваи барқро чаппа кард.
Ҳамчунин дар километри 224-225-уми шоҳроҳи Шамсиддин