Агентии Оғохон оид ба муҳити зист барои имдодгарони КҲФ таҷҳизоти наҷот тақдим кард

Агентии Оғохон

Бо мақсади татбиқи минбаъдаи Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда байни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули таҷҳизоти техникӣ барои гурӯҳи наҷот баргузор гардид.

Барои дастаҳои наҷот васоити зарурӣ ҷиҳати анҷоми корҳои садамавӣ – курсиҳои эвакуатсия, прожекторҳои диодӣ, таҷҳизоти ғаввосӣ, фонусҳо барои фаъолиятҳои зериобӣ ва расанҳои наҷот супурда шуданд.

Санади таҳвил ва қабули таҷҳизот аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳолатҳои фаҷвқулодда ва мудофиаи гражждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Сарвари Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ҷаноби Наваб Алӣ Хон имзо шуд.

Ҳамаи ин таҷҳизот барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аз ҷониби имдодагрон истифода хоҳанд шуд. 

барчасп: