Activities calendar

08 сентября 2023

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои пурчангу хоки рӯзҳои 11-13 сентябр

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 11-13 сентябри соли 2023 бар асари тағйири обу ҳаво дар навоҳии марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои пурчангу хок дар назар дошта шудааст. Он ба қаламрави кишвар аз ноҳияҳои ҷанубу ғарбии ҳаммарз бо Тоҷикистон ворид мешавад.

Ба зарардидагони ду ноҳияи шаҳри Душанбе дар селҳои охир кумак расонда шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи минбаъдаи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди расонидани ёриҳо ба сокинони осебдидаи кишвар дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ идома медиҳад.

Ба шарофати вокуниши сареъ ва ташкили саривақтии ҳамкориҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳо аз офати табиӣ сари вақт кумакҳо расонида шуданд.

Паёми шодбошии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 32-солагии истиқлоли давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюдусолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем.