Activities calendar

16 сентября 2023

Баргузории ҷаласаи гурӯҳи таҳлилгарони Платформаи Миллӣ дар КҲФ

15 сентябри соли 2023 дар  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи таҳлилгарони Платформаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар ҳайати васеъи он баргузор шуд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати Кумитаи, котиби масъули Платформаи миллӣ генерал-майор Ҷамшед Камолзода гузашт.