Бино ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27 августи соли 2025, соати 18:27 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 298 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 45 километр ҷанубу ғарб аз ноҳияи Ишкошим, 104 километр ҷанубу ғарб аз шаҳри Хоруғ дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд.
Манбаъ ҳамчунин хабар дод, ки қувваи заминларза дар марказаш 4-5 балл дар ноҳияи Ишкошим 3 балл, шаҳри Хоруғ 2-3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.
Хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.