КҲФ: ВМКБ 13 октябр - Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ таҷлил гардид

13 октябри соли 2025, бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ, бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ ва иттилоотӣ баргузор гардид.

Дар доираи ин рӯз кормандони Раёсату шуъбаҳои КҲФ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барномаҳои омӯзишӣ, мулоқотҳо, намоишҳои таҷҳизоти наҷотдиҳӣ, инчунин аксияҳои иттилоотӣ ва насби шиору овезаҳои таблиғотӣ дар мавзуи “Коҳиши хатари офатҳои табиӣ — кафили амнияти ҷомеа” баргузор намуданд.

     Хусусан дар шаҳри Хоруғ чорабиниҳои васеи омӯзишӣ доир гардиданд, ки дар онҳо кормандони КҲФ ба хонандагону донишҷӯён ва сокинони шаҳр қоидаҳои рафтор дар ҳолатҳои фавқулодда, усулҳои наҷот ва расонидани ёрии аввалинро омӯзонданд.

      Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, таҳкими ҳамкории байни ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва таъмини амнияти инсонию иҷтимоӣ мебошад.

барчасп: