КҲФ: Мулоқоти Раис бо намояндаи СММ баргузор гардид

 Санаи 15 октябри соли 2025, дар  шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо муовини роҳбари Идораи минтақавии Аврупо ва Осиёи Марказии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паст намудани хавфи офатҳо, Себастян Пенсини, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Дилшод Кодиров, ҳамоҳангсози кишварии Тоҷикистон ва менеҷери барномавии Раёсати СММ оид ба паст намудани хавфи офатҳо ширкат дошт.

Аз ҷониби Кумита дар мулоқот Камолзода Чамшед, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ва Саидиён Насриддин, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти коҳиши хавфҳои офатҳои табиӣ, густариши иқтидорҳои миллӣ ва татбиқи барномаҳои муштараки омӯзишиву иттилоотиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳамкориҳои мутақобиларо дар самти идоракунии хавфҳои офатҳо ва баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ба офатҳои табиӣ боз ҳам густариш медиҳанд.

барчасп: