Activities calendar

01 ноября 2025

КҲФ: ОГОҲӢ: Тағйирёбии вазъи ҳаво ва ифлосшавии ҳаво аз 31 октябр то 4 ноябри соли 2025

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  аз санаи 31 октябр то 4 ноябри соли 2025 дар қаламрави ҷумҳурӣ тағйирёбии вазъи ҳаво дар назар аст.

Тағйироти ҳаво:

• Вилояти Хатлон: ҳавои тағйирёбандаи бебориш, танҳо 4 ноябр дар баъзе ноҳияҳо борон меборад; эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 7–12 м/с, аз 3 то 4 ноябр дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10–15 м/с мевазад.