КҲФ:Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти 9 моҳаи Кумита баргузор гардид
Чоп шуд: 03/11/2025 | redaktor
3 ноябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳаи Кумита баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарият, сардорони сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳои алоҳидаи дастгоҳи марказӣ, роҳбарони сохторҳои тобеи Кумита дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (бо тарзи маҷозӣ) иштирок намуданд.




