Activities calendar

05 ноября 2025

КҲФ: Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 ноябри соли 2025 дар толори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғоз муовини якуми  Раиси Кумита генерал-майор Латифзода Ҳотамшо бо сухани табрикотӣ баромад намуда, аз ҷойгоҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсоз, ки пояи устувори давлати соҳибистиқлол, кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва рамзи ваҳдату ҳамбастагии миллӣ мебошад, ёдовар шуд.

КҲФ: Сафари Раиси Кумита ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

Аз 5 то 7 ноябри соли 2025 ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ - Раиси Кумита, дар ҷаласаи вазирони ҳолатҳои фавқулода оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода, ки дар доираи ҳамкориҳои механизми “Як камарбанд — як роҳ” дар шаҳри Саняи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок менамояд.